Пирӯзии ду муштзанбонуи тоҷик дар рақобати аввали Чемпионати ҷаҳон

0
2 543 просмотров

Тибқи хабаргузории сомонаи расмии Кумитаи олимпии Тоҷикистон, имрӯзҳо дар шаҳри Улан Удэи Федератсияи Россия Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни бонувон ҷараён дорад, ки дар он 4 варзишгари тоҷик низ иштирок мекунанд. Ду варзишгари тоҷик – Миҷгона Самадова дар вазни 57кг бар намояндаи Кот д-Ивуар Марселат Сакобӣ ва Нилуфар Бобоёрова дар вазни 64кг бар намояндаи Алҷазоир Чаҳира Селмоунӣ пирӯз шуда, ба даврҳои навбатӣ роҳ ёфтанд.

Акнун Миҷгона Самадова дар даври 1/8 ниҳоӣ имрӯз 8 октябр муқобили намояндаи Англия Каррис Артингсталл, Нилуфар Бобоёрова дар даври ¼ ниҳоӣ 10 октябр муқобили варзишгари Россия Екатерина Динник ба ринг мебароянд. 2 варзишгари дигари мо Идимоҳ Холова аз варзишгари Ӯзбекистон Шаҳноза Юнусова ва Шоира Зулқайнарова аз варзишгарбонуи Венесуэлла Омайлин Алкала мағлуб гардиданд. Дар чемпионат беш аз 300 варзишгари 75 давлат ширкат доранд. Қувваозмоиҳо аз рӯи 10 категорияи вазнӣ сурат мегиранд: -48кг, -51кг, -54кг, -57кг, -60кг, -64кг, -69кг, -75кг, -81кг, +81кг.

 

Манбаъ: Варзиш ТВ

Нет комментариев

Также рекомендуем

Вусъати бунёдкориҳо дар Панҷакент

Ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурии азизамон имрӯзҳо дар ҳар гӯшаву канори мамлакат, шаҳру деҳот, ҷамоату маҳаллаҳо омодагиҳо ҷараён доранд. Дар вилоят ба истиқболи ин ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: