Идомаи сафари кории раиси вилоят А. Қодирӣ дар ҷамоати деҳоти Тағояк аз майдони кишти хоҷагии деҳқонии Бекмирзо Ота дидан намуда аз деҳқони соҳибтаҷрибаи инҷо чи гуна аз ташкил шудани ин хоҷагиаш пурсон гашта посухи қаноат бахшро барои худ гирифт . Роҳбари хоҷагии мазкур Турсуналӣ Мирзомуродов иттилоъ дод, ӯ солҳои қаблӣ дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дошт ва баъдан ба ватан баргашта бо таҷдиди хоҷагиҳои калонҳаҷм соҳиби саҳми худ гардида, бо аҳли оилааш меҳнат менамояд. Дар хоҷагии мазкур 4,5 гектар замин мавҷуд буда, дар он навъҳои гуногуни зироатҳо аз қабили помидор, бодиринг, гандум, картошка ва ғайраҳо кишт шудааст. Раиси вилоят дар сӯҳбат бо ин кишоварз таъкид кард, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда маҳсулоти худро ба бозор бароварад ва он ҳатман аз ҷониби МИҲД-и вилоят дастгири карда мешавад.
Марҳалаи иловагии бақайдгирии довталабон дар ММТ оғоз гардид
Санаи 10 июн марҳалаи иловагии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (ИМД) оғоз гардид. Нафароне, ...








Нет комментариев