Сармеъмори шаҳри Душанбе Қудратулло Файзуллоев маълумоти як қатор васоити ахбори умум дар бораи ба қаламрави Боғи Ғалаба кӯчонида шудани Боғи ҳайвонот (зоопарк)-и пойтахтро рад кард. Ба гуфтаи номбурда, рӯзноманигорон гуфтаҳои ӯ дар ин мавридро каме нодуруст ба қалам додаанд. «Зимни конфронси матбуотӣ доир ба ин масъала ман изҳор намудам, ки барои сохтмони Боғи нави ҳайвонот дар қаламрави хоҷагии ҷангали Қамчин, воқеъ дар самти шимолу шарқии Боғи Ғалаба мутобиқи нақшаи генералии пойтахт ҷудо кардани 25 гектар қитъаи замин пешбинӣ шудааст», — иброз дошт ӯ. Сармеъмори шаҳр ҳамчунин зикр кард, ки айни замон лоиҳаи қарори раиси шаҳри Душанбе дар бораи ҷудо кардани қитъаи замин барои сохтмони Боғи ҳайвоноти нав мавриди баррасӣ қарор дорад. Дар ин бора news.tj хабар медиҳад.
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ хуруҷи бемории Mpox-ро ҳолати фавқулодаи ҷаҳонӣ эълон намуд
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ рӯзи чаҳоршанбе хуруҷи кунунии бемории Mpox (номи нави нағзаки маймун)-ро ҳолати фавқулода дар самти тандурустии ҷамъиятӣ (PHEIC) номид. Созмон дар робита ба ...

Ташаккур барои ин хабархо
Рахмат барои ахборот