Зевар «Ҷавондухтари ҳунарманди сол-2018» гардид

0
3 380 просмотров

Донишҷӯи курси дуюми факултети муносибатҳои байналмилалии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зевар Раҳмонализода сазовори ҷойи аввал дар Озмуни «Ҷавондухтари ҳунарманди сол-2018» гардида, бо ҷоиза ва «Сипоснома»-и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  тақдир карда шуд. Маросими ҷоизасупорӣ дар шаҳри Душанбе доир гардид.

Ёдовар мешавем, ки аз 1 то 17 октябри соли равон бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ    озмуни «Ҷавондухтари ҳунарманди сол-2018» гузаронида шуд.

14 декабри соли равон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31-уми шаҳри Душанбе даври дуюми озмуни мазкур баргузор гардид, ки дар он намояндагони 14 муассисаи таҳсилоти олӣ ширкат варзиданд.

Дар озмун инчунин ба муовини ректори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Аҳмадзода барои саҳми арзанда гузоштан дар таълиму тарбияи ҷавонон ва фаъолияти самарабахш дар самти корҳои тарбиявӣ  «Сипоснома»-и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Оҳангсоз ва пианинонавози машҳур шуданиям

Самири 9-сола то ба имрӯз дар 25 консерти саросари дунё ҳунарнамоӣ кардааст. Самир Абдураззоқов, писари пианинонавози маъруф Нисор Абдураззоқовро ба Фестивали байнулмилалӣ дар Амстердам даъват ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: