Зеристгоҳи «Чашмасор»: Таъмини ду деҳоти Мӯъминобод бо неруи барқ

0
2 128 просмотров

Зеристгоҳи «Чашмасор» 1450 нафар муштариёни Ҷамоатҳои деҳоти Шамсиддин Шоҳин ва «Боғгаӣ»-ро ба неруи барқ таъмин мкунадДар деҳаи Чашмасори ноҳияи Муъминобод зеристгоҳи «Чашмасор» сохта ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаст, иттилоъ медиҳад котиботи мақомоти иҷроияи вилояти Хатлон.

Бар хабари манбаъ, зеристгоҳи мазкур аз тарафи Ширкати саҳомии холдинги шакли кушодаи “Барқи тоҷик” ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи Кӯлоб» сохта ва ба истифода дода шудаст.Гуфта мешавад, иқтидори зеристгоҳи барқии «Чашмасор» 35\10 кВ  мебошад.Тибқи маълумоти мутахассисони  ҶСШК «Барқи Кӯлоб», зеристгоҳи мазкур бо маблағи 3 миллион сомонӣ бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон ва аз ҳисоби маблағҳои ҶСШК «Барқи тоҷик» сохта ба истифода дода шуд.

«Феълан зеристгоҳи «Чашмасор» 1450 нафар муштариёни Ҷамоатҳои деҳоти Ш.Шоҳин ва “Боғгаӣ”-ро ба неруи барқ таъмин мекунад», — омадааст дар хабари манбаъ.

Бояд гуфт, зеристгоҳи мазкур аз тарафи Ташкилоти пудратчии ҶДММ «Ал-бурҷ» дар муддати 2 сол сохта ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

 Манбаъ:sputnik-tj.com/

Нет комментариев

Также рекомендуем

Қурби расмии асъор барои имрӯз: 06.05.2022

Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА — 12.4950 сомонӣ; 1 евро – ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: