Ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ дар шаҳри Исфара

0
5 129 просмотров

Бо мақсади ба касбомӯзию забономӯзӣ ва шаҳодатномакунонии маллакаҳо фаро гирифтани муҳоҷирони меҳнатӣ дар филиали Муассисаи давлатии “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” дар шаҳри Исфара ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ доир гардид.

Дар ин бора ташкилкунандагони ин чорабинӣ — бахши Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва шӯъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара иттилоъ доданд.

Дар ярмаркаи ҷойҳои холии кор 259 ҷои корӣ холӣ бо музди меҳнати аз 400 то 1500 сомонӣ аз ҷониби 6 кордиҳанда пешниҳод гардид. 11 нафар бо кори доимӣ таъмин ва 15 нафар ба касбомӯзӣ номнавис шуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Нет комментариев

Также рекомендуем

Қурби асъор барои имрӯз 02.11.2017

Имрӯз, 2 ноябр қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон барои 1 доллари ИМА    8.8100 сомониро ташкил медиҳад. Инчунин дар ташкилоти ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: