Дар коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд барои ҷалби ҷавондухтарон ба варзиш ва ташвиқи тарзи ҳаёти солим семинар машварат бо фарогирии 200 нафар донишҷуён ва устодони коллеҷ гузаронида шуд. Дар семинар машварат муштзани маъруфи тоҷик чемпиони чандинкаратаи Осиё ва Аврупо Мавзуна Чориева ва намояндагони Раёсати ҷавонон варзиш ва сайёҳии вилоят иштирок намуданд. Семинар машварат ҳамчун сӯҳбати озод гузаронида шуда, дар он Мавзуна Чориева оид ба фаъолияти варзишӣ ва ҳаёту зиндагии худ ба ҳозирин маълумот дод. У гуфт, ки сабаби ба варзиш рӯ оварданаш амали кардани орзуи падар будааст. Ба гуфтаи Мавзуна Чориева падари ӯ, муштзани варзидаи даврони худ будааст. Айни замон Мавзуна тренери зиёда аз даҳ нафар духтарони муштзан аст. Сардори Раёсати ҷавонон варзиш ва сайёҳии вилоят Зариф Мирдадоев оид ба саҳми ин парчамбардори ватан суханронӣ намуда, гуфт, ки Мавзуна тавонист собит кунад, ки муштзанӣ танҳо хоси мардҳо нест, балки ба ҷасорати инсон вобаста аст. Дар охир донишҷӯдухтарони коллеҷи мазкур ба ин варзишгари номвар гулдастаҳо ҳадя намуданд. Дар ин бора хабарнигори радиои Тироз Саодат Исмоилӣ иттилоъ медиҳад.
Шумораи муштариёни шабакаи NGN маълум гардид
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон теъдоди муштариёни «Шабакаи насли оянда» ё NGN, ки моҳи декабри соли 2017 истифодаи он дар қаламрави ҷумҳурӣ боздошта шуд, 34 ҳазор нафарро ...


Нет комментариев