Вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Свердловски Русия ҳамкориро таҳким мебахшанд

0
1 037 просмотров

11 июл Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба Федератсияи Русия бо Губернатори вилояти Свердловск мулоқот намуд. Дар вохўрӣ ҷонибҳо масъалаи таҳкими муносибатҳои минтақавӣ байни вилояти Суғд ва вилояти Свердловскро баррасӣ намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Раҷаббой Аҳмадзода аснои суҳбат таъкид кард, ки бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон саноатикунонии босуръат ҳадафи стратегӣ эълон гардида, дар доираи он ба рушди соҳаи саноат таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.

Тазаккур дода шуд, ки дар вилояти Суғд саноати куҳӣ-металлургӣ ва сабук рушд ёфта, корхонаҳои азими саноатӣ фаъолият доранд. Имкониятҳо барои коркард ва истеҳсоли маъдан, пахта, меваю сабзавот, доруворӣ, техникаи маишӣ фаровон буда, соҳибкорони тоҷик омода ҳастанд, ки бо сармоягузорони рус ҳамкориро густариш бахшанд.

Губернатори вилояти Свердловск робитаҳои иқтисодиро аз самтҳои афзалиятноки ҳамкории дуҷониба арзёбӣ карда, омодагии худро барои рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои саноату кишоварзӣ, маорифу тандурустӣ, омода намудани омӯзгорон барои мактабҳои русзабон изҳор намуд.

 Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

iPhone 11 Pro Max против Galaxy Note10 (Видео)

Разбит, но не сломлен? Ютубер PhoneBuff сравнил на прочность два популярных флагмана 2019 года: iPhone 11 Pro Max и Samsung Galaxy Note10+. С помощью специальной установки смартфоны роняли ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: