Вазорати молияи Тоҷикистон бо шарикони рушд 18 созишнома ба имзо расонид

0
518 просмотров

Аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои мамлакат ва шарикони рушд имсол 18 созишнома барои татбиқи 8 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба имзо расонида шуд.

Тавре муовини якум Вазири молияи ҷумҳурӣ Юсуф Маҷидӣ дар нишасти матбуотӣ ба доираи васеи хабарнигорон иттилоъ дод, маблағи умумии 18 созишномаи баимзорасида барои татбиқи 8 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ 459,9 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Аз ин маблағ 93,2 миллион доллари амрикоӣ ё 20,3 фоизи он маблағҳои грантӣ, 354,7 миллион доллари амрикоӣ ё 77,1 фоиз маблағҳои қарзӣ ва 12,0 миллион доллари амрикоӣ ё 2,6 фоиз саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Аз ҷумла, моҳи январи имсол бо Бонки ҷаҳонӣ вобаста ба лоиҳаи «Миллати солим» созишномаҳои грантӣ дар ҳаҷми 57,3 миллион доллари амрикоӣ, бо Бонки исломии рушд /БИР/ барои татбиқи лоиҳаи «Татбиқи стратегияи рушди идоракунии маориф, марҳилаи 2» созишномаҳои қарзию грантӣ ба маблағи 78,0 миллион доллари амрикоӣ, моҳи феврали имсол бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд /БАТР/ оид ба лоиҳаи «Таҷдиди зеристгоҳи Суғд-500» созишномаҳои грантию қарзӣ дар ҳаҷми 36,0 миллион доллари амрикоӣ ба имзо расонида шуданд.

Инчунин моҳи апрели соли 2024 бо Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ вобаста ба лоиҳаи «Роҳи Обигарм — Нуробод – пули дароз ва роҳҳои ба он васлшаванда» ба маблағи 75,5 миллион доллари амрикоӣ, бо Бонки исломии рушд барои татбиқи Лоиҳаи «Барқарорсозии роҳи Гулистон-Фархор-Панҷ-Дӯстӣ» (марҳилаи I) ба маблағи 31,0 миллион доллари амрикоӣ, бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба Лоиҳаи «Таҷдиду навсозии соҳил — Беҳтар намудани ҳаракат дар шаҳри Душанбе» ба маблағи 30,7 миллион доллари амрикоӣ, бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд илова ба созишномаи қарзии Лоиҳаи «Барқарорсозии низоми обтаъминкунӣ ва канализатсияи ноҳияи Файзобод» ба маблағи 1,5 миллион доллари амрикоӣ ва моҳи июни имсол бо Бонки исломии рушд вобаста ба идомаи сохтмони Роғун (Лоти 4 — соҳили чап) ба маблағи 150,0 миллион доллари амрикоӣ созишномаҳо ба имзо расонида шуданд, ки ба рушди соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти мамлакат нигаронида шудаанд.

Нет комментариев

Также рекомендуем

APPLE ба ҷузъиёт аҳамият медиҳад

Маҳсулоти  Apple  ҳама вақт бо дизайни сифатноку нозукиҳои худ сазовори шуҳрат буд ва боқи мемонад. Аҷоибии кор дар он аст, ки баъзе ҷузъиёти  Apple  барои ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: