Тоҷикистон дар рӯйхати кишварҳои амнтарин

0
2 438 просмотров

Вазъ дар Тоҷикистон аз нисфи кишварҳои шомили рӯйхат, аз ҷумла Русия низ амнтар арзёбӣ шудааст.

Дар рейтинги 128 кишварҳои амнтарини саросари дунё, ки аз ҷониби маҷаллаи Global Finance таҳия шудааст, соли 2019 се давлати минтақаи Осиёи Марказӣ шомил гардиданд.

Қазоқистон дар зинаи 44-уми рейтинг, Тоҷикистон – 68 ва Қирғизистон дар мақоми 89-ум қарор дошта, Ӯзбекистону Туркманистон дар рӯйхат зикр нашудаанд.

Дар ин феҳрист ИМА дар мақоми 65-ум, Чин – 81 ва Русия зинаи 108-ум ҷойгир шудаанд.

Нишондиҳандаи амнияти кишварҳо бо назардошти имкони пайдо шудани низоъи ҳарбӣ, сатҳи хавфу хатар ба таъмини амнияти шаҳрвандон, сатҳи рушди иқтисодӣ, ҳамчунин эҳтимоли рух додани фалокатҳои табиӣ муайян карда шудааст.

Пешсафи рейтинг Исландия буда, зинаҳои дуюму сеюмро Швейтсария ва Финландия ишғол мекунанд.

Покистон, Нигерия, Салвадор, Гватемала, Яман ва Филиппин кишварҳои хатарноктарин аз лиҳози таъмини амният арзёбӣ шудаанд.

Манбаъ: Азия Плюс

Нет комментариев

Также рекомендуем

Ҳамкории судманд миёни федератсияҳо иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ва Узбекистон тақвият меёбад

Ба китобхонаҳои мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии ноҳияи Сухи Ҷумҳурии Узбекистон 1000 дона китобҳои тозанашри матбааҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанг ва туҳфаи Китобхонаи ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: