Тоҷикистон дар «Биатлони танкӣ» рекорди худро нав намуд

0
2 174 просмотров

Тоҷикистон дар озмуни «Биатлони танкӣ-2021» навбати   сеюмро ба анҷом расонд. Дар ин мусобиқа мамлакатро фармондеҳи танк Собирҷон Кабутов, тирандоз Пайрам Давлатов, механик-ронанда Комрон Холматов намояндагӣ менамуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Sputnik.

Ба танкчиёни тоҷик муяссар шуд, ки намоиши ҷолиб нишон диҳанд. Экипаж ба ҳадафҳо – «чархболҳо» хеле дақиқ зарба зад ва вақти беҳтарини кишварро дар мусобиқа нишон дод.

Дастаи сеюми Тоҷикистон бо натиҷаи 26:57 ба хати марра расид ва экипажи аввалро дар ҳисоби умумии дивизиони дуввум ба зинаи чорум фаровард.

Дар сабқати сеюм дастаи Осетияи Ҷанубӣ бо тирандозии дақиқ ҳозиринро хушнуд сохт, аммо аз панҷ ҳадаф сеяш ба танкчиён имкон надод, ки ба Тоҷикистон бирасанд. Низомиёни Абхазистон низ хеле қафо монданд: онҳо дар хатти дуввуми тирандозӣ «дар монданд». Қатар бо сабаби захмӣ шудани як узви экипаж аз сабқат даст кашид.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Как визуально увеличить квартиру-студию

Создание дизайна квартиры-студии – это всегда хлопоты, связанные с «нехваткой» площади помещения. Перед дизайнерами нередко стоит задача не только создать ощущение комфорта в помещении, но ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: