Ташрифи намояндагони Парлумони Британияи Кабир ба вилояти Суғд

0
5 394 просмотров

Рӯзи гузашта намояндагони Парлумони Британияи Кабир аз Палатаи намояндагон ва Гурӯҳи дӯстии парлумонии Тоҷикистону Шоҳигарии Муттаҳида Найҷел Миллс ва Пол Монангон ба вилояти Суғд ташриф оварданд.

Дар ин рӯз меҳмонон бо роҳбаладии муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ аз Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» боздид ба амал оварда, бо фаъолияти субъектҳои он аз наздик шинос шуданд.

Ҳайати меҳмонон ҳамзамон аз шаҳраки Сайҳун, Қасри Арбоб ва Маҷмааи таърихию фарҳангии Қалъаи Хуҷанд боздид намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Нет комментариев

Также рекомендуем

Дар Душанбе Ҷамъомади ҳайати роҳбарикунандаи сохторҳои зиддитеррористии мақомоти амният ва хадамоти махсуси кишварҳои ИДМ оғоз шуд.

Субҳи имрӯз дар шаҳри Душанбе Ҷамъомади ҳайати роҳбарикунандаи сохторҳои зиддитеррористии мақомоти амният ва хадамоти махсуси кишварҳои ИДМ кори худро оғоз намуд. Маросими оғози кори Ҷамъомади ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: