Тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар соҳаи танзими энергетика

0
1 186 просмотров

Сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулмаҷид Муминзод бо Роҳбари намояндагии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд /БАТР/ дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Рика Иши мулоқот намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти зиддиинҳисорӣ.

Дар мулоқот ҷонибҳо вобаста ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди соҳаи танзими энергетикаи барқӣ дар Тоҷикистон ва рушди рақобат, инчунин омӯзиши таҷрибаи давлатҳои муваффақ дар самтҳои мазкур мубодилаи афкор намуданд.

Ҷонибҳо ҳавасмандии худро барои густаришу таҳкими масъалаҳои таъмини рақобат ва рушди он, инчунин тақвият бахшидани танзими энергетика иброз дошта, идомаи ҳамкориро дар доираи созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ муҳим арзёбӣ намуданд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Официальный курс валюты на сегодня 17.01.2018

Национальный банк Таджикистана (НБТ) 17 января с целью бухгалтерского учета и оплаты таможенной пошлины определил официальный курс иностранной валюты следующим образом: 1 доллар США = ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: