Тақдири Карим Бензема дар Арабистони Саудӣ маълум гардид

0
656 просмотров

Ҳамлавари «Ал-Иттиҳод» Карим Бензема тими саудиро дар равзанаи зимистонаи трансферӣ тарк нахоҳад кард.

Чӣ тавре журналист Бен Ҷейкобс дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар медиҳад роҳбарияти Фонди мустақили Арабистони Саудӣ (PIF) ва вазорати варзиши кишвар ният доранд ҳамлавари фаронсавиро чун қисмати лоиҳаи рушди    чемпионати маҳаллӣ дар даста нигоҳ доранд.

Пештар хабар дода мешуд, ки мураббии «Ал-Иттиҳод» Марсело Галярдо Бенземаро аз тамрин бо тими асосӣ маҳрум кардааст.

Бензема ба сафи «Ал-Иттиҳод» тобистони қаблӣ чун футболбози озод гузариш анҷом дода, мавсими ҷорӣ 24 бозиву 15 гол ва панҷ партофти голӣ ба омор гирифт. Шартномаи бозигар бо тими саудӣ то охири моҳи июни соли 2026 мӯҳлат дорад. Арзиши тахминии футболбоз бино ба фарзияи сомонаи Transfermarkt 15 млн евро мебошад.

Манбаъ: Варзиш-ТВ

Нет комментариев

Также рекомендуем

В НАТО снова призвали Россию покинуть Крым

НАТО не признает российскую принадлежность Крыма и призывает Москву вывести войска с полуострова. Об этом заявил глава военного комитета Североатлантического альянса Стюарт Пич, его слова ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: