Тақдими хонаи сеҳуҷрагӣ ба Дилшод дар маркази Душанбе

0
7 222 просмотров

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе ба Дилшод Назаров қаҳрамони бозиҳои олимпии Рио-2016 дар маркази пойтахт хонаи сеҳуҷрагӣ тақдим намудааст.

Тавре аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва саёҳии Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, хонаи нави Назаров дар кӯчаи Деҳлавӣ ошёнаи 4-ум ҷойгир мебошад.

Қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон Дилшод Назаровро бо 300 ҳазор сомонӣ ва ордени “Шараф” дараҷаи-1 қадрдонӣ кард. Як сол қабл Назаров Ордени Шараф дараҷаи 2-ро гирифта буд.

Дилшод Назаров дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии соли 2016 дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия гурзро ба масофаи 78.68 метр партоб кард, ки нишондиҳандаи беҳтарини ин сабқат буд. Ӯ аз миёни ҳафт варзишгари тоҷик, ки ба Рио роҳхат гирифтанд, танҳо нафаре буд, ки нишони тиллоии олимпиро ба гардан овехт. Намояндаҳои дигари Тоҷикистон дар марҳилаҳои интихобӣ ноком шуданд.

Манбаъ: http://www.ozodagon.com

Нет комментариев

Также рекомендуем

SAMSUNG GALAXY S6 ВА S6 EDGE-И ФЛАГМАНӢ

Ширкати азими технологии Куриёи Ҷанубӣ смартфонҳои навро пешниҳод кард, ки байни смартфонҳои ширкати Samsung ҷойи фахриро дар соли 2015 ишғол мекунанд. Ҳарчанд ин дасисаро нигоҳ ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: