Сӯхтори коргоҳ 25 кушта барҷой гузошт

0
3 622 просмотров

Шумораи ҳалокшудагон бар асари сӯхтор дар корхонаи «Мэндом»-и Япония, ки дар Индонезия воқеъ аст, ба 25 нафар расид. Тибқи иттилои дастрас бар асари оташсӯзӣ 30 корманди дигари коргоҳ зарар дидааст. Аз ин рӯ, афзудани теъдоди фавтидагони ҳодиса вуҷуд дорад. Зеро табибон вазъи сиҳатии осбедидагонро ниҳоят вазнин арзёбӣ мекунанд. Сӯхтор дар коргоҳи истеҳсоли маводи ороишӣ бархоста буд. То ҳол сабаби сар задани оташсӯзӣ мушаххас нест. Кормандони мақомоти полиси Индонезия дар ин самт тафтишот мебаранд.

Дар ин бора  jahonnamo.tj хабар медиҳад.

Нет комментариев

Также рекомендуем

Қурби расмии асъор барои имрӯз: 12.11.2020

Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА — 11.3000 сомонӣ; 1 евро – ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: