Спитамен: Дар як рӯз 229 тонна пахта ҷамъоварӣ шуд

0
2 852 просмотров

Дар ноҳияи Спитамен маъракаи пахтачинӣ вусъат меёбад. Дирӯз раиси ноҳия Ориф Хоҷазода бо рафти чиниши пахта ва шароити меҳнатии саҳмдорону ҳашарчиён шинос гардида, ба як қатор чинакчиёни пешқадам туҳфаҳо супорид.

Мавриди зикр аст, ки дар хоҷагиҳои деҳқонии инфиродии ноҳия рӯз аз рӯз чиниши пахта вусъати тоза гирифта истодааст. Аз рӯи иттилое, ки аз идораи Раёсати кишоварзии ноҳия дастрас гардид, деҳқонони ноҳия то 22 сентябри соли ҷорӣ, дар як рӯз ба миқдори 229 тонна ва аз аввали мавсим 3030 тонна ё ки ба андозаи 23,22 фоизи дурнамои солона хирман омода кардаанд.

Мувофиқи маълумоти пахтасупории байни шаҳру ноҳияҳои вилоят, то санаи 22-юми сентябр, ноҳияи Спитамен дар ҷадвали пахтасупорӣ ҷойи дуюмро ишғол кардааст.

 

Дар ин бора http://sugd.tj/index.php/tj/navidi-sugd/5357-spitamen хабар медиҳад.

Нет комментариев

Также рекомендуем

Институтҳои молиявии ҷаҳонӣ ҳамкории самаранокро бо Тоҷикистон идома медиҳанд

1 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноиби Президенти Бонки умумиҷаҳонӣ Антонелла Бассани ва ноиби Президенти Корпоратсияи ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: