Созишномаи равуои бераводид бо Ӯзбекистон тасдиқ шуд

0
4 510 просмотров

Парлумони Тоҷикистон имрӯз, 19-уми март Созишнома бо Ӯзбекистонро дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони ҳарду кишвар дар қаламрави ҳамдигар тасдиқ кард.

Раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров созишномаи санаи 9 март баимзорасидаро сарнавиштсоз номид.

Ӯ ба Вазорати корҳои хориҷии кишвар дастур дод, ки Тошканд дар бораи тасдиқи созишнома аз ҷониби Тоҷикистон расман огоҳ крада шавад, то ки шурӯъ аз 20 март шаҳрвандони Ӯзбекистон ба сафари бераводид ба Тоҷикистон имкон пайдо намоянд.

Ёдрас мекунем, ки президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҳанӯз санаи 14 март қарор дар бораи тасдиқи созишномаи мазкурро ба имзо расонида, аз 16 март шаҳрвандони Тоҷикистон имкон пайдо карданд, ки бераводид ба кишвари ҳамсоя сафар кунанд

Дар ҷаласаи имрӯза муовини аввали вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Низомиддин Зоҳидов қайд кард, ки Ӯзбекистон аллакай расмиёти дохилидавлатии ин созишномаро ба итмом расонида, ояндаи наздик Тоҷикистон ба таври хаттӣ Тошкандро доир ба анҷоми расмиёт огоҳ мекунад.

Дар созишномаи мазкур сафари шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон ба қаламрави ҳамдигар бераводид ба муҳлати 30 рӯз пешбинӣ шудааст.

Реҷаи раводид зимни сафари шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон ба қаламрави ҳамдигар 16 майи соли 2000-ум ҷорӣ шуда буд.

Манбаъ: Сомонаи Тоҷикистонтаймс

Нет комментариев

Также рекомендуем

Хакерон давои вируси навро бароварданд.

Созмондиҳандагони барномаи сегонаи TeslaCrypt калиди универсалие гузоштанд, ки барои кушодани файлҳои маҳкамкардашуда имкон медиҳад. Пештар барои кушодани файлҳои истифодабарандагон, ки компютерҳояшон аз вирусҳои маъруфи сегона ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: