Содироти маҳсулот ба маблағи беш аз 82 миллион доллар

0
5 949 просмотров

Корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистон дар семоҳаи аввали соли 2017 ба маблағи 764 миллиону 898,6 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 142,2 фоизро ташкил дод.

gulistonТавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон хабар доданд, дар давраи ҳисоботӣ аз 29 корхонаи саноатии шаҳр 15 адади он афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро аз 100,8% то ба 613,0% расониданд.

Дар ин давра корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистон бо 16 кишвари ҷаҳон робитаҳои тиҷоратиро ба роҳ монда, ба кишварҳои хориҷа ба маблағи 82 миллиону 656,88 ҳазор доллари ИМА маҳсулот содирот намудаанд.

Манбаъ: http://sugd.tj/

Нет комментариев

Также рекомендуем

Самири 9-сола дар барномаи “Лучше всех”-и шабакаи 1 Русия иштирок мекунад

Пианинанавози 9-солаи тоҷик Самир Абдуразоқов, ки бо маҳорати нотакрораш ҳамагонро мафтун кардааст, ҳунарашро дар барномаи “Лучше всех”-и шабаки аввали Русия намоиш медиҳад. Пианинанавози 9-солаи тоҷик ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: