Шикасти навбатии дастаи «Истиқлол» дар Ҷоми КФО

0
5 638 просмотров

Дар вохӯрии даври сеюми мусобиқаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2015  қаҳрамони чоркаратаи Тоҷикистон, дастаи футболи «Истиқлол» дар бозӣ бо тими «Нафит Ал-Васат»-и Ироқ ба шикаст дучор шуд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии дастаи «Истиқлол», дар вохӯрие, ки дар майдони варзишии шаҳри Теҳрон доир гардид, футболбозони тоҷик бозиро бо ҳисоби 0 бар 2 бохтанд. Ин бохти дуюми пайдарпайи даста мебошад.

Вохӯрии дастаҳои дигари гурӯҳи «В» миёни тимҳои «Триполи» (Лубнон) ва «Ал-Файсалӣ» (Урдун) мусовӣ — 1 бар 1 анҷом ёфт.

Ҳамин тариқ, дар гурӯҳи «В» пас аз се давр дастаи «Истиқлол» бо касби 1 имтиёз зинаи охирини ҷадвалро ишғол мекунад. Дар ин гурӯҳ бо 6 имтиёз дастаи «Нафит Ал-Васат» пешсаф буда, зинаи дуюмро бо 5 имтиёз «Ал-Файсалӣ»  ва мақоми сеюмро бо 4 имтиёз тими «Триполи» касб кардаанд.

Тақвими бозиҳои боқимонда:

Даври 4-ум

12 апрел (сешанбе)

«ИСТИҚЛОЛ»  –   «Нафит Ал-Васат»

«Аль-Файсалӣ  –  «Триполи»

Даври 5-ум

26 апрел (сешанбе)

«Ал-Файсалӣ»  – «ИСТИҚЛОЛ»

«Триполи»   – «Нафит Ал-Васат»

Даври 6-ум

10 мая (сешанбе)

«ИСТИҚЛОЛ»  –  «Триполи»

«Нафит Ал-Васат»  –  «Аль-Файсалӣ»

Манбаъ: Сомонаи «Азия-плюс»

http://www.news.tj/tj/news/shikasti-navbatii-isti-lol-dar-omi-kfo

Нет комментариев

Также рекомендуем

Роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ кушода шуд

Бегоҳии 13 феврал роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ аз тармаҳо тоза ва бо маводи зиддилағжиш коркард гардида, ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳ таъмин аст. Кормандони филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: