Семинари дастурдиҳӣ дар шаҳри Истиқлол

0
4 371 просмотров

Бахши Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Истиқлол дар якҷоягӣ бо Шӯрои иттифоқҳои касабаи шаҳр доир ба муносибатҳои меҳнатӣ, бастани созишномаҳои соҳавӣ, шартномаҳои коллективӣ ва бақайдгирии саривақтии онҳо семинари дастурдиҳӣ баргузор кард.

Дар семинар оид бамасъалаҳои тартиби қабул ба кор ва азкорхориҷкунӣ, кафолатнокии пардохти музди меҳнат ва ҷубронпулӣ, вақти корӣ, вақти дамгирӣ, ҳифзи меҳнат, такмили ихтисоси кадрҳо, кафолатҳои фаъолиятӣ, ҳуқуқҳои кумитаи иттифоқҳои касаба, хизматрасонии тиббӣ ва иҷтимоӣ ба кормандон ва мӯҳлатҳои шартномаҳои коллективӣ маълумот дода шуд.

Дар охир саволу ҷавоб байни иштирокчиён ва ташкилкунандагонисеминар баргузор гардида, иштирокчиён ба суолҳои худ посухҳои қаноатбахш гирифтанд.

Манбаъ: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Нет комментариев

Также рекомендуем

Дарёҳои чашмрабои Тоҷикистон

Кофарниҳон — яке аз  дарёҳои Тоҷикистон мебошад. Аз ҳудуди Тоҷикистон мегузарад. Масоҳати ҳавзаи он 1740 км² буда, дарозиаш 71 км мебошад. Шохаи дигари Амударё Кофарниҳон мебошад. Он оби ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: