Се вилояти Туркияро сӯхтори ҷангал фаро гирифтааст

0
994 просмотров

Мақомоти Туркия шаби сешанбе гуфтанд, ки барои хомӯш кардани сӯхтори ҷангал дар се ноҳияи вилояти Анталия ва ду вилояти дигари ин давлат талош доранд. Дар ин  хусус  АМИТ «Ховар» бо истинод ба РИА «Новости» хабар медиҳад.

«Мо муборизаро бо сӯхтори ҷангал дар навоҳии Каш, Кемер ва Ташайли музофоти Анталия, инчунин дар деҳаи Саруханли вилояти Маниса ва Дулкадироғлуи вилояти Қаҳрамонмараш идома медиҳем»,- хабар додааст дар ин хусус дар Твиттер Департаменти генералии хоҷагии ҷангали Туркия.

Президенти Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган рӯзи душанбе аз шаҳрвандон даъват кард, ки нисбат ба ҷангалҳо бештар бодиққат бошанд ва ба пайдо шудани хурдтарин манбаи оташ дар наздикии ҷангал роҳ надиҳанд.

Ба гуфтаи ӯ, ба хомӯш кардани сӯхтор дар ҷангал 24 ҳавопаймо, 100 чархбол ва даҳ ҳавопаймои бесарнишин, инчунин 25 ҳазор сӯхторнишонҳо ҷалб шудаанд. Ҳамчунин ду ҳавопаймои амфибия*-и  Русия барои кумак ба Туркия омадаанд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Учитель опубликовал домашнее задание на лето для учеников и прославился на весь мир

Итальянский учитель Чезаре Ката из школы Polo Scolastico Paritario Don Bosco в приморском городке Фермо дал своим ученикам домашнее задание на лето из 15 пунктов. И, пожалуй, это лучшее, что он мог для ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: