Сайре ба ноҳияи Деваштич

0
4 590 просмотров

Деваштич — яке аз ноҳияҳои идории вилояти Суғд аст. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 29 аз 2 феврали соли 2016 ва Қарори Маҷлиси Миллии МО Ҷумҳурии Тоҷикистон № 204 аз 3 марти соли 2016 ноҳия номашро ба ноҳияи Деваштич иваз намудааст. Маркази ин ноҳия шаҳраки  Ғончӣ аст. Аҳолиаш 154 300 нафар, масоҳаташ 1588,7 км², дар нохия асосан тоҷикҳо ва ӯзбекҳо зиндагони менамоянд. Масофааш: маркази ноҳия 66 км ҷанубтар аз шаҳри Хуҷанд ҷойгир аст. Аз Деваштич то Душанбе 263 км роҳ аст.

Ноҳияи Деваштич бо сарзамине 1588,7 км² дар миёни кӯҳсори Туркистон ва водии Фарғона ҷой дорад. Дар шимол бо ноҳияи Зафаробод ва ноҳияи Спитамен, дар ғарб бо ноҳияи Истаравшан ва ноҳияи  Шаҳристон, дар ҷануб бо ноҳияҳои Айнӣ ва Кўҳистони Мастчоҳ аз бахшҳои вилояти Суғд ҳамсоя ва дар шарқ бо ноҳияи Лайлак аз бахшҳои вилояти Бодкенти Қирғизистон ҳаммарз аст.

Ин ноҳия 5 декабри соли 1929 дар бахше аз вилояти Хуҷанд дар Ҷумҳурии Шўравии Сотсиалистии Тоҷикистон таъсис ёфта буд. Дар тӯли мавҷудияти худ ноҳия ду маротиба ноҳияи бо Истаравшан муттаҳид ва ҷудо шудааст.

Собиқ ноҳияи Ғончӣ 3 марти соли 2016 дар асоси Қарори Маҷлиси Миллии МО Ҷумҳурии Тоҷикистон номашро ба ноҳияи Деваштич иваз намудааст.

Сарвари ноҳияи Деваштич Раиси Ҳукумати он аст, ки вайро Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин мекунад. Ниҳоди қонунгузори ноҳияи Деваштич Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад, ки онро раъйдиҳандагони ноҳияи Деваштич барои 5 сол интихоб мекунанд.

Нет комментариев

Также рекомендуем

Tcell дастгири ҷавонон!

Ширкати Tcell ҳамасола таҷрибаомӯзону ихтиёриёнро аз миёни ҷавонон барои гузаштани давраҳои омӯзишӣ ва дарёфти таҷрибаи кории ширкатҳои пешқадам қабул мекунад. Tcell ҳамчун ширкати ҷамъиятӣ аксар ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: