Сабқати варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни 16 давлат

0
1 714 просмотров

Аз 21 то 30 январ дар шаҳри Тошканди Узбекистон бори аввал Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни ҷавонони то 22-сола баргузор мегардад, ки дар он варзишгарони марду зан аз 16 давлат, аз ҷумла ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Узбекистон, Тайиланд, Ҷопон, Филиппин, Муғулистон, Қирғизистон ва Малайзия  иштирок менамоянд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба бокс дар ҳайати 19 нафар (14 мард, 5 зан) ба Тошканд сафарбар гардид.

Варзишгаронро дар ин сафар мураббиён Мирзо Шамсиев, Парвиз Ахмедов, Носирҷон Азимов, Эмомалӣ Малаев, Хуршед Абдуллоев, Асомиддин Бурҳонов, Равшан Ёқубов ҳамроҳӣ мекунанд.
Ҳамчунин довари дараҷаи байналмилалӣ аз Тоҷикистон Акмалҷон Абдуллоев барои ҳакамии муҳорибаҳо ба ин мусобиқа даъват шудааст.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Дар Душанбе музокироти гурӯҳҳои корӣ оид ба аломатгузории сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гардид

26-30 январ дар Душанбе байни гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон оид ба аломатгузории сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон музокирот баргузор гардид. Тавре АМИТ ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: