Саҳми сокини 77-солаи ноҳияи Ашт дар ободонии маҳал

0
6 585 просмотров

Сокини 77-солаи шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт Шарофат Мамадҷонова пули барои адои Ҳаҷ ҷамъовардаашро ба маблағи 33 ҳазор сомонӣ барои саҳм гирифтан ба бунёди бинои навбунёди Маркази таҳсилоти иловагии ноҳияи Ашт тақдим намуд. Дафтари матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт иттилоъ дод, ки Шарофат Мамадҷонова соҳиби нӯҳ фарзанд аст ва 22 сол боз нафақахӯр мебошад. Шавҳараш Мамадҷонов Аҳмадҷон дар 48-солагӣ вафот кард ва бори тарбияту бузург кардани фарзандон ба дӯшаш афтод. Худи Шарофат Мамадҷонова зиёда аз 9 сол дар ҳамин Маркази таҳсилоти иловагӣ фаъолият бурдаву дар тарбияи бошандагони он саҳм гузоштааст. Бояд зикр кард, ки 15-уми июли имсол бо ибтикори роҳбарияти ноҳия барои азнавсозии бинои Маркази таҳсилоти иловагии ноҳия хишти аввал гузошта шуд ва ҳоло корҳои сохтмонӣ ҷараён дорад.

 

Источник: сомонаи расмии МИҲД-и вилояти Суғд

Нет комментариев

Также рекомендуем

Мулоқоти масъулини Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят бо аҳолии Истаравшан, Зафаробод, Ашт ва Спитамен

Дар асоси нақшаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: