«Росселхознадзор»: Тоҷикистон интиқоли меваю сабзавотро ба Русия афзоиш дод

0
1 777 просмотров

Тибқи маълумоти низоми иттилоотии «Росселхознадзор» ва Низоми федералии иттилооти давлатӣ “Аргус-Фито”, соли 2021 то 10 август Тоҷикистон ҳаҷми сабзавот ва меваҳои ба Русия воридшавандаро зиёд кардааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Ҳамин тариқ, интиқоли сабзавот ва мева аз Тоҷикистон 38%- аз 4,8 ҳазор тонна то 6,7 ҳазор тонна дар соли 2021 афзоиш ёфт.

Дар маҷмӯъ, Тоҷикистон дар байни кишварҳои ИДМ ҳамчун бузургтарин таъминкунандаи меваи хушк ба Русия боқӣ мемонад (зиёда аз 3 ҳазор тонна).

Мувофиқи маълумоти Росселхознадзор, ҳар як кишвари ИДМ дар соли 2021 интиқоли баъзе намудҳои молро ба Русия афзоиш додааст. Аз ҷумла, Тоҷикистон ба Федератсияи Русия содироти меваи хушк, гелос, ангур ва шарбатро афзоиш дод.Афзоиши таъминоти меваи хушки омехта 15% буда, аз 1,4 ҳазор тонна то 1,6 ҳазор тонна дар соли равонро ташкил медиҳад.Афзоиши зардолуи хушк 6,6% буда, аз 1,5 то 1,6 ҳазор тоннаро ташкил мекунад.Гелоси ширин — аз 45 тоннаи соли гузашта 19 маротиба афзоиш ёфта, имсол ба 866 тонна расид.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Таърихи пайдоиши Google

Соли 1938 математики амрикоӣ Эдвард Каснер ҳамроҳи ду ҷиянҳояш ҳангоми сайру гашт намудан дар парк шумораи зиёди рақамҳоро муҳокима карда буданд. Дар рафти сӯҳбат сухан дар ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: