Роналду, Мбаппе ё Неймар?

0
4 184 просмотров

Президенти «Реал»-и Мадрид Флорентино Перес оиди харидории ҳамлаварони “ПСЖ” – Неймар ва Килиан Мбаппе ҳарф зад. “Зидан ҳам мисли Мбаппе аз Фаронса мебошад. Шояд ӯ кореро анҷом дода тавонад, ҳамин тавр не? Неймар ё Мбаппе? Ҳарду”, — гуфт президенти “Реал”. Ҳамчунин Перес оиди баргаштани Роналду фикри худро баён кард. “Оё метавонад Зидан Роналдуро ба баргаштан розӣ кунад? Криштиану дар он ҷое ҳаст, ки ҳоло қарор дорад ва онҷо худро хуб ҳис мекунад”, — қайд кард Перес. Хотиррасон мекунем, ки “Реал” пас аз нокомиҳои зиёди даста зери роҳбарии Солари дубора Зинедин Зиданро ба даста даъват кард. Зери роҳбарии Солари бошгоҳ аз ҳаққи ширкат дар даврҳои навбатии Ҷоми Испания ва Лигаи чемпионҳо маҳрум шуд ва дар чемпионати Испания бо тафовути 12 имтиёз аз садрнишини ҷадвал дар зинаи сеюм қарор дорад.

Манбаъ: ТВ Варзиш

Нет комментариев

Также рекомендуем

Занону духтарони матиниродаи тоҷик дар мақомоти қудратии Тоҷикистон фаъолияти босамар доранд

Имрӯзҳо тавассути сиёсати дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: