Роботҳо ҷойи ровиёни телевизионро мегиранд

1
3 303 просмотров

Хироши Ишигуро, профессор ва роҳбари Омӯзишгоҳи техникаи роботҳои доно, чанде пеш зимни як намошгоҳ бо номи “Андроид: Одам чист?” ду роботи доноро муаррифӣ кард. Ин намошгоҳ дар осорхонаи рушди илм ва инноватсияи шаҳри Токио баргузор гашт.

Ихтироъҳои Ишигуро ду ном: – Kodomoroid (kodomo — кӯдак) ва зан-робот Otonaroid (otona-калонсол) ном доранд. Роботҳо метавонанд, муошират кунанд ва бо чанд овоз хабар хонанд. Пӯсти махсусе, ки ба роботҳо кашидаанд, имкон медиҳад, ки робот мимикаи инсонро такрор кунад.

Иътироъгар ҳангоми муаррифӣ гуфтааст, ки ин роботҳо барои пешвози меҳмонон дар осорхона гузошта мешаванд, ки ба меҳмонон маълумот медиҳанд.japanese-scientists-reveal-the-first-android-newscaster-designboom-05

Аммо коршиносон ҳадс заданд, ки шояд солҳои наздик ин роботҳо ҳамчун  ровиёни телевизионӣ истифода шаванд.

Ёдовар мешавем, моҳе қабл дар мағозаҳои ҷопонӣ роботҳое ба фурӯш гузошта шуданд, ки қобилияти ҳис карданро доранд. Хабар дода мешуд, ки ин роботҳо дорои қалби сунъӣ буда,  Pepper ном  доранд.

Pepper-The-Emotional-Robot-01

1 comment

Добавить комментарий для Саъдулло Чураев Отменить ответ

Также рекомендуем

Қурби расмии асъор барои имрӯз: 30.05.2022

Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА — 11.4000 сомонӣ; 1 евро – ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: