Рекорди навбатии Питер Крауч дар Англия

0
5 946 просмотров

Ҳамлагари  «Сток Сити» Питер Крауч аз ҷиҳати миқдори аз ҳайати бозингарони захиравӣ ба майдон баромадан дар Премиер Лигаи Англия ба ҷои аввал баромад. Ҳамлагари 36- сола дар бозӣ бар муқобили “Брайтон” (2:2)  ба ҷои Шердан Шакири дар дақиқаи 73-юми дидор аз курсии эҳтиётӣ ба майдон баромад. Ин тағйирот дар корномаи варзишии Крауч 143-юм мебошад, ки ӯ аз рӯи ин натиҷа  собиқ бозингари “Нюкасл” Шол Амеоби, ки 142 бор аз ҳайати бозингарони захиравӣ ба майдон баромадаст, пеш гузашт. Дар ҷараёни ин тағйиротҳо Крауч дар тӯли фаъолияташ дар премйер-лига 15 маротиба дарвозаи ҳарифонро рахна намудааст. Аз ӯ бештар ҳангоми аз ҳайати захира ба майдон баромадан дар ПЛА Ҷермейн Дефо (23), Уле Гуннар Сулшер (17) ва Нванкво Кану (17) ба самар расондаанд.

 

 

Манбаъ: сомонаи расмии телевизиони  «Варзиш»

Нет комментариев

Также рекомендуем

МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТӢ: Марҳилаи асосии бақайдгирии довталабон оғоз шуд

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 1‑уми марти соли 2019 марҳалаи асосии бақайдгирии довталабонро барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: