Расман: Томас Тухел аз вазифааш барканор шуд!

0
1 357 просмотров

Сармураббии дастаи “Челси”-и шаҳри Лондон – Томас Тухел аз вазифааш барканор карда шуд. Дар ин бора сомонаи расмии бошгоҳи лондонӣ хабар додааст.

Дирӯз «Челси» дар даври 1-уми марҳилаи гурӯҳии Лигаи Чемпионҳо аз тими “Динамо”-и  Загреб мағлуб шуд. Ин 100-умин бозии ӯ буд, ки зери роҳбараш бошгоҳ анҷом дода буд.

Ҳоло «Ашрофзодаҳо» дар зинаи  6-уми ҷадвали ПЛА қарор доранд.  Бошгоҳ дар 6 даври мусобиқа 3 ғалаба, як мусовӣ ва 2 бохт дорад.

Тухели олмонӣ  моҳи январи соли 2021 ба дастаи «Челси» омада буд. Ӯ бо бошгоҳ ғолиби Лигаи  чемпионҳо, Суперҷоми Аврупо ва Ҷоми ҷаҳонии бошгоҳҳо гардида буд.

Дастаи «Челси» бозии навбатии худро 10-уми  сентябр бо “Фулхэм” дар сафар  баргузор мекунад. Пас аз он дар доираи бозиҳои даври 2-юми гурӯҳии ЛЧ бо тими “Залтсбург” бошгоҳи шаҳри Лондон рӯзи 15-уми сентябр майдондорӣ мекунад.

Манбаъ: Варзиш-ТВ

Нет комментариев

Также рекомендуем

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба шаҳри Бишкек сафар намуданд

16 ноябр Раиси Маҷлиси  миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии Шуро ва ҷаласаи 56-уми пленарии ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: