Расман: Томас Тухел аз вазифааш барканор шуд!

0
1 181 просмотров

Сармураббии дастаи “Челси”-и шаҳри Лондон – Томас Тухел аз вазифааш барканор карда шуд. Дар ин бора сомонаи расмии бошгоҳи лондонӣ хабар додааст.

Дирӯз «Челси» дар даври 1-уми марҳилаи гурӯҳии Лигаи Чемпионҳо аз тими “Динамо”-и  Загреб мағлуб шуд. Ин 100-умин бозии ӯ буд, ки зери роҳбараш бошгоҳ анҷом дода буд.

Ҳоло «Ашрофзодаҳо» дар зинаи  6-уми ҷадвали ПЛА қарор доранд.  Бошгоҳ дар 6 даври мусобиқа 3 ғалаба, як мусовӣ ва 2 бохт дорад.

Тухели олмонӣ  моҳи январи соли 2021 ба дастаи «Челси» омада буд. Ӯ бо бошгоҳ ғолиби Лигаи  чемпионҳо, Суперҷоми Аврупо ва Ҷоми ҷаҳонии бошгоҳҳо гардида буд.

Дастаи «Челси» бозии навбатии худро 10-уми  сентябр бо “Фулхэм” дар сафар  баргузор мекунад. Пас аз он дар доираи бозиҳои даври 2-юми гурӯҳии ЛЧ бо тими “Залтсбург” бошгоҳи шаҳри Лондон рӯзи 15-уми сентябр майдондорӣ мекунад.

Манбаъ: Варзиш-ТВ

Нет комментариев

Также рекомендуем

Раиси нави шаҳри Хуҷанд муаррифӣ шуд

Субҳи имрӯз, панҷшанбеи 31 март дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо баргузории як ҷаласа бо иштироки фаъолон и.в. раиси нави шаҳри Хуҷанд Шарифзода ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: