Рӯдакӣ–падари шеъри форсӣ

0
14 424 просмотров

Бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ, ки санаи 22 сенятбр ҳамасола қайд карда мешавад, дар толори Донишкадаи куҳӣ-металургии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони “Рӯдакӣ–падари шеъри форсӣ” баргузор гардид.

Чорабинии мазкур бо иштироки устодону донишҷӯёни донишкада, аъзоёни “Маҳфили ровиён”-и назди китобхонаи марказӣ ва ҳунармандони ансамбили шашмақомхонони шаҳр гузаронида шуд.

Дар чорабинӣ аз ашъори Рӯдакӣ панду андарз, шеър ва ғазалҳо аз ҷониби донишҷӯён ва хонандагони доимии китобхонаи марказӣ қироат карда шуд.

Дар ин рӯз дар даромадгоҳи толори донишкада китобҳои тозанашри Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ ба маърази тамошо гузошта шуд.

Дар ин бора http://sugd.tj/index.php/tj/navidi-sugd/5337-rudaki хабар медиҳад.

Нет комментариев

Также рекомендуем

Дар Хуҷанд мусобиқаи боксчиён оғоз гардид

Дар «Қасри варзиш»-и шаҳри Хуҷанд мусобиқаи анъанавии байналхалқӣ оид ба бокс ба хотири гиромидошти Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Исмоил Ҳамзаалиев оғоз ёфт. Ин мусобиқа тибқи Қарори ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: