Пурра ба эътидол омадани тартиботи ҷамъиятӣ дар Хоруғ

0
1 490 просмотров

Гирдиҳамоии ғайриқонунӣ, ки баъди нисфирӯзии 25 ноябр дар шаҳри Хоруғ аз тарафи баъзе гурӯҳҳои манфиатдор оғоз шуда буд, соати 20:00-и 28 ноябри соли ҷорӣ қатъ карда шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Ситоди байниидоравии таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ дар ВМКБ.

Дар изҳороти  Ситоди мазкур, ки 28 ноябр пахш гардид, гуфта мешавад:

Масъалаҳои мавриди назар дар доираи салоҳияти мақомоти Прокуратура дар ҳамкорӣ бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, тибқи қонунгузории ҶТ, санҷиш, арзёбӣ ва ҳаллу фасл карда мешаванд.

Тартиботи ҷамъиятӣ дар шаҳри Хоруғ пурра ба эътидол оварда шуд.

Фаъолияти нақлиёти ҷамъиятӣ дар хиёбони марказӣ ҳам ба низом даромад.

Нуқтаҳои савдо ва хизматрасонии маишӣ тибқи реҷаи муқарраршуда кори худро идома дода истодаанд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Иқбол Темурходжаеви 12 сола дар ТОП-и mail.ru

Портали интернетии Mail.ru дар бораи дастовардҳои панҷ наврас дар соҳаи барноманависи маводе дарҷ намуд. Дар номгӯи чунин наврасони болаёқат исми Иқбол Темурхоҷаеви 12 сола низ ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: