«ПСЖ» роҳи нави ҳифз кардани Мбапперо ёфтааст

0
2 105 просмотров

«ПСЖ» имконияти додани бозубанди сарвониро ба ҳамлавар Килиан Мбаппе мавриди баррасӣ қарор медиҳад.

Чӣ тавре Foot National бо такя ба L’Equipe мерасонад,  бохт аз  «Реал» (1:3) дар бозии ҷавобии даври 1/8 финалии Лигаи чемпионҳо ба таври манфӣ ба мақому эътибори сарвони феълии даста Маркинйос миёни ҳамдастаҳо таъсир расонидааст. Бозигари бразилиро аз барои голи сеюми мадридиҳо айбдор меҳисобанд.

Дар «ПСЖ» вобаста ба ин додани бозубанди сарвониро ба ҳамлавар Килиан Мбаппе баррасӣ мекунанд. Ин ҳам яке аз воситаҳои бовар кунонидани ҳамлавари фаронсавӣ баҳри мондан дар Париж ба ҳисоб меравад, то ки ӯ шартномаи нав имзо кунад.

Пештар бошад иттилоъ дода мешуд, ки дар имзокунии шартнома бо Мбаппе «Реал» номзадӣ дорад.

Манбаъ: Варзиш-тв

Нет комментариев

Также рекомендуем

Тухм ва тарзи дурусти интихоб

Чӣ  хеле маълум гаштааст, истеҳсолкунандагон роҳҳои ранги тухми мурғи фабрикавиро ба тухми мурғи хонагӣ  монанд намуданро омӯхтаанд. Зардии тухми мурғи хонагӣ  нисбати тухми мурғи фабрикавӣ  ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: