Президенти Тоҷикистон бо сафари давлатӣ ба Қирғизистон мераванд

0
504 просмотров

 12-13 марти соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон сафари давлатӣ анҷом медиҳанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар рафти ин сафар масъалаҳои вобаста ба ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо баррасӣ хоҳад шуд.

Баъди мулоқоти сарони давлатҳо ва мулоқоту музокироти сатҳи олӣ имзои санадҳои нави ҳамкорӣ ба нақша гирифта шудааст.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Неруҳои Амрико мавзеъҳои «Толибон»-ро дар Қандаҳор бомбаборон карданд

Неруҳои амрикоии мустақар дар Афғонистон, пас аз чандин моҳи таваққуф,  дар тӯли 48 соати охир мавзеъҳои ҳаракати “Толибон”-ро (мамнӯъ дар Тоҷикистон) дар вулусволиҳои Жирӣ ва Спин Булдаки вилояти Қандаҳор ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: