Президент ба Москва рафт

2
4 325 просмотров
Акс аз:http://jahonnamo.tj/

Акс аз:http://jahonnamo.tj/

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба шаҳри Москваи Федератсияи Русия сафар кард.

Дар фурӯдгоҳи байналмилалии пойтахт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Эркинхон Раҳматуллозода, Вазири мудофиа Шералӣ Мирзо ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Дар ин бора www.prezident.tj хабар медиҳад.

2 comments

Опубликовать новый комментарий

Также рекомендуем

Худжанд: Студенты разместятся в своем городке

В городе Худжанде Согдийской области начнется строительство студентческого городка. Для строительства этого городка властями уже выделена земля. Как сообщил на встрече с журналистами директор ТГУК ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: