Пирӯзии хонандагони мактабҳои вилояти Суғд дар олимпиадаи байналмилалӣ

0
2 216 просмотров

Аз 25 октябр то 3 ноябр дар шаҳри Анталияи Ҷумҳурии Туркия бо ширкати 1000 нафар хонандагон аз 14 давлати  ҷаҳон аз фанҳои химия, биология, забони англисӣ, география ва математика олимпиадаи байналмилалӣ доир гардид.

Шарафи вилояти моро дар ин озмуни бонуфуз 26 нафар хонандагони болаёқат таҳти роҳбарии сарвари Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Раёсати маорифи вилоят Дилбар Исмоилова ҳимоя карданд.

Хонандагони вилоят бо дарёфти  13 ҷойи аввал, 5 ҷои дуюм ва 8 ҷойи сеюм миёни давлатҳои ширкатварзида ҷои намоёнро ишғол намуда, ҳамчунин дар олимпиадаи даставӣ аз фанни биология соҳиби Ҷоми олимпиада гардиданд.

Дар ин дастоварди назаррас саҳми хонандагони муасссисаҳои таълимии шаҳру навоҳии Хуҷанд, Исфара, Бобоҷон Ғафуров ва Мактаби Президентии шаҳри Бӯстон, ки  бештар ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд, хеле калон аст.

Манбаъ: Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

 

Нет комментариев

Также рекомендуем

Деревянные скакуны

На Филиппинах проживает Джеймс Доран-Уэбб, художник. Поскольку семья его занималась антиквариатом, родители часто путешествовали по миру в поисках старинных вещей. Все детство Джеймс занимался в ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: