Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастҷамъии СААД ба Арманистон сафар карданд

0
804 просмотров

23 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба Ҷумҳурии Арманистон сафар карданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Вазири корҳои хориҷӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, Вазири мудофиа, Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Александр Лукашенко пешниҳод намуд, ки ҳамкории Беларус ва Тоҷикистон густариш дода шавад

Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко пешниҳод намуд, ки самтҳои нави фаъолсозии ҳамкорӣ бо Тоҷикистон, бахусус дар пасманзари коҳиши ахири гардиши мол таҳия шаванд. Дар ин ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: