Дар Тоҷикистон ба 300 оила кумаки башардӯстона расонида шуд

0
1 511 просмотров

Дар партави ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба дасти ёрӣ дароз намудан ба қишри ниёзманди аҳолӣ имрӯз Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) бо дастгирии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Қатар (ҶҲАҚ) ба 300 нафар дар шакли бастаи маводи хӯрокворӣ кумаки хайриявӣ расонид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази иттилоти ҶҲАТ хабар доданд.

Бастаи маводи хӯрокворӣ аз орд (50 кг), равғани растанӣ (3 л) ва дигар маҳсулоти мавриди ниёзи аввал (16,4 кг) иборат буда, тавассути кормандон ва волонтёрони ҶҲАТ ба Филиали ташкилоти ҷамъиятии «Ҷамъияти нобиноёни Тоҷикистон» (100 баста), Ассотсиатсияи дерматовенерологҳо ва косметологҳои Тоҷикистон (50 баста), Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии «Сипарони Ватан»-и ноҳияи Данғара (20 баста), Мактаб-интернати хонандагони лаёқатманди ноҳияи Восеъ (20 баста), ноҳияи Рӯдакӣ (20 баста), ноҳияи Ёвон (20 баста), Муассисаи давлатии «Хона-интернати беморони рӯҳӣ»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов (15 баста) ва ба 55 нафар шаҳрвандон дар асоси аризаи пешниҳодкардаашон расонида шуд.

Бояд тазаккур дод, ки ҶҲАҚ яке аз шарикони боэътимоди ҶҲАТ ба ҳисоб рафта, дар доираи татбиқи лоиҳаи дигар рӯзҳои наздик расонидани кумаки башардӯстона дар шакли бастаҳои сару либос, таҷҳизоти гармидиҳӣ ва кампалҳо ба 150 оила дар ноҳияҳои Балҷувон, Шамсиддини Шоҳин ва Тавилдара дар назар аст.

Қобили зикр аст, ки дастгирии ниёзмандон, аз ҷумла маъюбон, маризон, пиронсолони яккаву танҳо, ятимону бепарасторон ва дигар табақаҳои ниёзманди аҳолӣ яке аз ҳадафҳои асосии фаъолияти башардӯстонаи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба хисоб рафта, ҷамъият дар ин самт ҳамеша барои дастгирии онҳо тадбирҳои саривақтӣ меандешад.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Старт с космодрома «Восточный» пришлось перенести

Первый запуск космической ракеты с космодрома «Восточный» пришлось отменить за 1,5 минуты до старта. Роскосмос объяснил это тем, что автоматика дала отбой пуска. «Резервная дата пуска, 28 апреля, сохраняется. Комиссия ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: