Ошкор гардидани даллагӣ

0
3 014 просмотров

Дар шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд, марди 23-сола ба гумони даллагӣ аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқ боздошт шудааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, дар ҷараёни корҳои фаврии ҷустуҷӯӣ ошкор шудааст, ки ӯ марди 37-солаи сокини шаҳраки Ғафуровро бо зани 30-солаи шаҳри Хуҷанд ба манзури равобити ҷинсӣ шинос кардааст.

Барои ҳаққи хидмат ин мард аз онҳо ба маблағи 500 сомонӣ дарёфт кардааст.

Дар мавриди ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва тафтишот идома доштааст.

Сарчашмаҳо:

http://www.mvd.tj/

http://www.ozodi.org/

Нет комментариев

Также рекомендуем

Барномаи «Путешествую без COVID-19» ва рамзи QR-code барои вуруди Федератсияи Русия

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандоне, ки ба Федератсияи Русия сафар менамоянд, мерасонад, ки аз 1 сентябри соли равон дар асоси қарори Ҳукумати ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: