Ҷоми «Журналистони ҷавон – 2019» баргузор мешавад

0
2 133 просмотров

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони Ҷоми «Журналистони ҷавон – 2019» миёни кормандони Воситаҳои ахбори омма мусобиқаи футболи хурд баргузор менамояд.

Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, мусобиқа бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани Рӯзи матбуоти тоҷик, ки ҳамасола 11 март таҷлил карда мешавад, сурат мегирад.

Аз ин лиҳоз муассисаву рӯзномаҳо ва ташкилотҳои иттилоотиву хабарнигорӣ метавонанд дар мусобиқа иштирок намоянд.

Муҳлати қабули дархостҳо то 18 феврали соли 2019 муқаррар гардидааст.

Нет комментариев

Также рекомендуем

Қурби расмии асъор барои имрӯз: 12.04.2021

Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА — 11.3195 сомонӣ; 1 евро – ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: