Ғолибони фестивали “Таронаи сарбоз” муайян шуданд

0
4 116 просмотров

Дар театри давлатии тамошобини ҷавони ба номи Одилҷон Назаров Фестивал – озмуни сурудҳои ватандӯстонаи “Таронаи сарбоз” бахшида ба эълон гардидани Соли 2017 – Соли ҷавонон баргузор гардид. Дар фестивал — озмуни мазкур сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Олим Зоҳидзода, намояндагон аз комиссирияти ҳарбии вилоят, ҷавонон ва донишҷӯёни фаъоли донишгоҳҳои олӣ ва миёнаи касбии шаҳри Хуҷанд иштирок доштанд. Зикр гардид, ки ҳадаф аз доир намудани ин Фестивал – озмун баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ватанпарастии ҷавонон, худогоҳии ҷавонону аскарон, ҳавасмандгардонии сарбозони қисмҳои низомӣ ва бо ҳамин васила дур намудани онҳо аз корҳои номатлуб мебошад. Бояд қайд намуд, ки дар фестивал-озмун аз тарафи сарбозони қисмҳои низомии вилоят сурудҳои якка ва ҳамсароён дар мавзӯъҳои ватандӯстию ватанпарастӣ пешниҳод карда шуд. Дар фарҷоми фестивал – озмун аз тарафи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд ба беҳтарин суруди якка ва ҳамсароён тӯҳфаҳои хотиравӣ ва ифтихорнома тақдим карда шуд.

 

Манбаъ: сомонаи расмии МИҲД-и Хуҷанд

Нет комментариев

Также рекомендуем

Имрӯз Суди Олӣ, Маркази миллии қонунгузорӣ, Агентии «Тоҷикстандарт», КВД «Тоҷиксуғурта» нишасти матбуотӣ мегузаронанд

Имрӯз Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: