Ҷоизаи Зебуниссо Рустамова насиби кӣ мешавад?

0
3 622 просмотров

Аз 4 то 6 августи соли 2018 дар шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба камонварӣ баргузор мегардад.

Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додаанд, мусобиқаи кушод оид ба камонварӣ   барои дарёфти ҷоизаи Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, чемпиони ҷаҳон ва дорандаи медали Бозиҳои олимпӣ Зебуниссо Рустамова  доир шуда, дар он зиёда  аз 60 нафар варзишгарон аз дастаҳои «Душанбе-1», «Душанбе-2», «Суғд-1», «Суғд-2» ва ШНТМ иштирок менамоянд.

Мақсад аз роҳандозӣ намудани мусобиқаи мазкур ин тарғибу ташвиқи камонварӣ байни калонсолон, баланд бардоштани маҳорати касбии варзишгарон ва муайян намудани узви дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Нет комментариев

Также рекомендуем

Кормандони милитсияи Душанбе як гурӯҳ ҷинояткорони киберии махсусан вазнинро дастгир карданд

Дар натиҷаи пешбурди чорабиниҳои фаврӣ-ҷусуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсияи шаҳри Душанбе як гурӯҳ ҷинояткорони киберии махсусан вазнин, ки рахна намудани истиқлолияти энергетикиро дар худуди пойтахт ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: