Бананро ҳанӯз ҳангоми сабз буданаш аз дарахт мекананд. Бананро мекананд, мешӯянд, ба қуттиҳои махсус ҷой мекунанд ва тавассути киштиҳо ба ҷои муайяншуда мефиристонанд. Агар ҳарорат то 14 дараҷа гарм бошад, пас бананҳои сабз ба муддати 50-шабонарӯзӣ ҳам пухта намерасанд. Барои он, ки банан дар вақти муайяншуда пазад, қуттиҳои онро ба камераҳои иқлимӣ ҷой медиҳанд. Дар ин камерҳо дар баробари ҳарорат ва намӣ боз ба дигар таркиби атмосферӣ аҳамият дода мешавад. Дар ин камераҳо ҳосили банан дар муддати 6 рӯз пухта мерасанд. Айнан дар хамин муддат хлорофили сабзи пӯсти банан вайрон гашта ба зардшавӣ оғоз мекунад ва крахмали ҳосил ба шакар мубаддал мегардад. Лекин бархе аз фурӯшандагон интизори 6 рӯзи пухтани бананро надоранд ва ин технологияро вайрон мекунанду баъд аз 2-3 рӯз бананро ба фурӯш мебароранд. Дар ин ҳолат банан маззаашро гум мекунад ва рангаш низ зард намешавад. Бананҳое, ки ҳамагӣ 2-3 рӯз дар камераҳои климатӣ ҷойгир шудаанду ба пуррагӣ аз технология нагузаштаанд бо кафидани пӯсташон фарқ мекунанд. Нуқтачаҳои ҷигарранги пӯсти банан маънои онро дорад, ки ин ҳосил пухта расидаасту истеъмоли он фоиданок аст.
Қурби расмии асъор барои имрӯз: 15.07.2021
Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) 15 июл бо мақсади баҳисобгирӣ ва пардохти боҷҳои гумрукӣ қурби расмии асъори хориҷиро муайян кард: 1 доллари ИМА — 11.3225 сомонӣ, ...


Нет комментариев