Нигина Сайфуллоева барандаи ҷоизаи «GQ Super Women»

0
2 240 просмотров

27 ноябр дар Москва маҷаллаи «GQ» маросими ҷоизасупории дуюмин мукофоти худ – «GQ Super Women»-ро баргузор намуд.

Дар он ёздаҳ нафар бонувон аз рӯи 10 номинатсия мукофотонида шуданд. Дар номинатсияи «Кино» ҷоиза ба коргардони кино ва сенариянавис Нигина Сайфуллоева, ки филмҳои «Хочу с тобой» ва «Шиповник», инчунин силсилафилми ҳаҷвии «Деффчонки»-ро барои шабакаи телевизиони ТНТ ба навор гирифта, муаллифи сенарияи силсилафилми драмавии «Детки» барои шабакаи телевизиони ТВ-3 мебошад, тақдим гардид.

Бонуи беҳтарин (супервумен) Нигина Сайфуллоева — зодаи шаҳри Душанбе, набераи олим ва адабиётшиноси маъруф, профессор Атахон Сайфуллоев ва духтари нависанда ва публисист Ҳафиз Сайфуллоев мебошад.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

MATRIX-TCELL: 40-49

ТВ «Матриса» — барномаи телевизионии маърифатӣ буда, дар доираи лоиҳаи «Медиа Лаборатория»-и ШТРР «Тироз» дар ҳамкорӣ бо ШТР «Азия» таҳия ва пахш мегардад. Он доир ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: