Наздик 800 ҳазор ниҳол дар ярмарка-фурӯши ниҳолҳо

0
3 852 просмотров

25 феврали соли 2017 дар назди Театри мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят ярмарка-фурӯши ниҳолҳо, кӯчату тухмии гулҳо ва дигар зироатҳои кишоварзӣ баргузор гардид.

Ярмарка-фурӯши ниҳолҳо бо мақсади муташаккилона гузаронидани маъракаи кабудизоркунӣ ва ободонӣ ва расонидани ёрии амалӣ ба хоҷагиҳои кишоварзӣ, аҳолии вилоят ва ташкилоту идораҳо дар корҳои ободонӣ, кабудизоркунӣ ва бунёди боғу токзорҳои нав гузаронида шуд.

Дар ярмаркаи мазкур шаҳру ноҳияҳои вилоят ва ташкилоту идораҳои соҳаи кишоварзӣ наздик 800 ҳазор бех ниҳолҳои гуногунро аз қабили себ, нок, зардолу, шафтолу, анор, хурмо, бодом, чормағз, тут ва гелосро пешниҳоди боғпарварону сокинон намуд.

Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо ҷараёни баргузории ярмарка-фурӯши ниҳолҳо, кӯчату тухмии гулҳо ва дигар зироатҳои кишоварзӣ шинос гардида, аз растаҳои гуногуни ниҳолу гулҳо дидан намуд.

Манбаъ: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Нет комментариев

Также рекомендуем

Криптовалюта на основе золота от ЦБ РФ

Как стало недавно известно, Центральный банк России рассматривает возможность создания цифровой криптовалюты на основе золота, которая может быть использована для проведения расчётов между государствами ЕвразЭС. ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: