Наврӯзи тоҷикон дар меҳмонии Давлати Кувайт

0
3 759 просмотров

Як ҳайати фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини аввали вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Ибодулло Машрабов ба Давлати Кувайт сафар намуданд.
Меҳмонони тоҷикро дар фурудгоҳи Шайх  Сааад Абдуллоҳи Давлати Кувайт намояндагони вазорати фарҳанги ин кишвар ва Сафири Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдов пешвоз гирифтанд.
Ҳадаф аз ин сафар баргузор намудани Барномаи консертӣ ва намоиши рассомони тоҷик бахшида ба таҷлили Наврӯзи Байналмилалӣ дар Давлати Кувайт ва ба мардуми ин кишвари арабӣ бештар муаррифӣ кардани фарҳанги тоҷикон  мебошад.

Манбаъ: http://khovar.tj/

Нет комментариев

Также рекомендуем

Вохўрӣ бо сафири САҲА дар Тоҷикистон

Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода бо сафири Созмони Амнияти Ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон Пол Хики мулоқот намуд. Дар вохўрӣ ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: