Намоишгоҳи ҳунармандони эронӣ дар ДДХ

0
4 157 просмотров

Бо ибтикори Вобастагии фарҳангии Сафорати Эрон дар Хуҷанд ва дар ҳамкорӣ бо раёсати ДДХ дар факултаи рассомӣ-графикии донишгоҳ намоишгоҳи осори се ҳунарманди маъруфи  эронӣ — Довуди Сулаймонӣ, Козими Хуросонӣ ва Майсам Нилӣ баргузор гардид.

Дар маросими ифтитоҳи ин намоишгоҳ, ки бо ҳузури густардаи устодон ва шогирдони ДДХ баргузор гардид, муовини ректори донишгоҳ Абдуфаттоҳ Раҳимов сухан ронда, бо таъкиди равобити ҳасанаи ДДХ бо муассисаҳои илмиву марказҳои фарҳангии Эрон баргузории ин намоишгоҳро гоми қавӣ дар дар таҳким ва густариши муносиботи ҳасанаи ду кишвари дуст — Тоҷикистону Эрон унвон кард.

Масъуди Аҳмадванд Вобастаи фарҳангии Сафорати Эрон дар шаҳри Хуҷанд низ бо таъкиди муштаракоти таърихиву фарҳангии ду миллат афзуд, ки баргузории намоишгоҳ баёнгари тавсеа ва тақвияти ҳамкориҳо миёни ин ду кишвари дӯсту ҳамзабон аст. Вай афзуд намоишгоҳи осори се ҳунарманди Эрон ба муносибати таҳкими равобити дуҷониба дар факултаи рассомӣ-графикии ДДХ барпо шуда, рафти он бори дигар нишон дод, ки тоҷикону эрониҳо аз қадимулайём соҳибу фархангу торихи муштарак будаанд.

Гуфтанист, ки намоишгоҳи осори се ҳунарманди маъруфи  эронӣ Довуди Сулаймонӣ, Козими Хуросонӣ ва Майсам Нилӣ ба муддати ду руз идома кард.

Дар чаҳорчуби ин намоишгоҳ хамчунин мулоқот ва сӯҳбатҳои ҳунармандони эронӣ бо устодон ва донишҷӯёни факултаи мазкур  баргузор гардид. Дар ин бора sugd.tj хабар медихад.

 

Нет комментариев

Также рекомендуем

Трамп заявил о хороших отношениях с Ким Чен Ыном

Президент США Дональд Трамп в четверг в ходе встречи в Вашингтоне с президентом Южной Кореи Мун Чжэ Ином заявил, что у него хорошие отношения с лидером КНДР Ким Чен Ыном и что он готов к диалогу с ним, сообщает пресс-служба Белого ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: