Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон-2018» оғоз меёбад

0
7 271 просмотров

Пагоҳ дар Душанбе намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2018» оғоз меёбад. Намоишгоҳи мазкур бо ибтикори Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дода шуда, то 31-уми марти соли равон дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и Душанбе идома меёбад.

Аз Палатаи савдо  ва саноати  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки  дар намоишгоҳ ширкатҳои бонуфузи ватанию хориҷӣ иштирок намуда, маҳсулоти худро дар  бахшҳои сохтмон, энергетика, таҷҳизоти соҳаи кӯҳканӣ, металлургӣ, саноати кимиё, соҳаҳои  кишоварзӣ, хӯрокворӣ, тандурустӣ, саноати сабук,  сайёҳӣ, ҳунармандӣ, таҷҳизот ва технологияҳои истеҳсолӣ, сармоягузорӣ ва ғайра муаррифӣ менамоянд.

Интизор меравад, ки дар доираи намоишгоҳ ҳамоиши доираҳои соҳибкорони ватанию хориҷӣ баргузор гардида, дар он масъалаҳои марбут ба тақвияти ҳамкории тоҷирону соҳибкорони тоҷик бо ҳамтоёнашон аз кишварҳои хориҷи дуру наздик матраҳ шаванд.

Манбаъ: Сомонаи расмии АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Дар шаш моҳ 2261 ҳолати қонуншиканӣ ошкор гардид

«Дар  шашмоҳаи аввали соли 2018 аз ҷониби кормандони воҳидҳои мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ 2261 ҳолати қонуншиканиҳо  ошкор гардидааст. Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: