Наҷотдиҳандагони тоҷик корҳои ҷустуҷӯӣ-наҷотдиҳиро дар вилояти Ҳатайи Туркия идома медиҳанд

0
708 просмотров

19 феврал наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни корҳои ҷустуҷӯӣ-наҷотдиҳӣ дар вилояти Ҳатайи Туркия ҷасади 6 шаҳрванди ҳалокшударо аз зери харобаҳо берун бароварданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи мазкур хабар медиҳад.

18 феврал наҷотдиҳандагони тоҷик аз шаҳри Қаҳрамонмараш ба вилояти Ҳатайи Туркия рафтанд.

Ҳатай яке аз вилоятҳои бузурги Туркия мебошад, ки бо Сурия ҳаммарз аст.

Маврид ба ёдоварист, ки тӯли чанд рӯзе, ки дар шаҳри Қаҳрамонмараш наҷотдиҳандагон саргарми роҳандозии корҳои ҷустуҷӯиву наҷот буданд, 196 ҷасади ҳалокшудагонро аз зери вайронаҳо берун оварданд.

Инчунин се нафарро зинда пайдо карда, наҷот доданд, ки ду нафарашон тифлон буданд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Ғолибони озмуни ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилоятро мукофотҳои пулӣ дар ҳаҷми то 7 ҳазор сомонӣ интизор аст

Бахшида ба “Соли ҷавонон”  эълон гардидани соли  2017 дар асоси қарори Раиси  вилояти Суғд аз  28 феврали соли 2017, № 85 дар миқёси вилоят озмуни ихтироъкорон ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: